Гидо Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон, зимни сафараш ба Байтулмуқаддас ҳушдор дод, ки агар Эрон аз гуфтушунид дар робита ба қатъи барномаи ҳастаияш сарпечӣ кунад, ин кишварро таҳримҳои сангин интизор хоҳанд буд.Аз ин пеш Раҳин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, ки Эрон аз пешниҳоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ба хотири ғанисозӣ ба дигар кишварҳо фиристодани ураниуми худ сарпечӣ намекунад ва аммо мехоҳад кафолати онро дошта бошад, ки урани ғанисохташуда дубора ба кишвар баргардонида мешавад.
Ҳафтаи гузашта ҳайатҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмон бори дигар аз Теҳрон даъват карданд, ки дар посух ба пешниҳоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои дар хориҷи Эрон ғанӣ сохтани ураниум коҳилӣ накунад.