Натоиҷи интихоботи Руминия имрӯз эълон хоҳад шуд

Интизор меравад, имрӯз натоиҷи интихоботи рӯзи якшанбеи раёсатҷумҳурии Руминияро эълон кунанд. Бар асоси натоиҷи назарсанҷиҳои дирӯз анҷомшуда, ғолибан ду номзад – раисиҷумҳури кунунӣ Траян Басеску ва рақибаш аз ҳизби сотсиал-демократ Мирчеа Ҷеоана рӯзи 6 декабр дар даври дуввуми раъгирӣ вориди рақобати ниҳоӣ хоҳанд шуд.
Ҳарду номзад интихоботи ахирро муҳимтарин раъйгирӣ дар таърихи навини Руминия аз замони суқути коммунизм дар соли 1989 ба қалам додаанд. Ин маърака бояд ба бӯҳрони сиёсӣ дар Руминия, ки дар моҳи гузашта мунҷар ба фурӯпошии кобинаи сарвазир Эмил Бок шуд, поён диҳад. Дирӯз дар Руминия ҳамроҳ бо интихоботи раисиҷумҳур раъйпурсии саросарие низ доир шуд, ки коҳиш додани шумори вакилони парлумон ва лағви яке аз ду маҷлиси парлумонро пешниҳод мекард.