Имрӯз дар Руминия президенти навро интихоб мекунанд. Пурсишҳои афкори умум ҳокист, ки аз миёни 12 номзад муборизаи аслӣ дар байни номзади марказгароҳо Траян Басеску аз рақиби чапгарои ӯ Мирча Ҷоанэ сурат хоҳад гирифт. Пурсишҳо ба пешгомии Басеску ишора дорад. Дар сурати пеш омадани даври дуюми интихобот, 6 декабр сокинони ин ҷумҳурии Аврупои Шарқӣ дубора пои сандуқҳои раъй хоҳанд рафт. Раиси ҷумҳурии нави Руминия бояд нахуствазири кишварро таъин кунад ва ӯ баъдан дар паи ташкили ҳукумати нав хоҳад шуд.