Як фармондеҳи аршади нирӯҳои Эрон гуфт, ки Теҳрон ният дорад маневрҳои ҳавоиро бо ҳадафи ҳимоят аз барномаи ҳастаиаш доир кунад. Хабаргузории Форс дар нақли қавл аз раҳбари нирӯҳои дифои ҳавоӣ генерал Аҳмад Мейғонӣ навиштааст, ки машқҳои ҳавоии инҳафтаина бо нияти ҳимоят аз таъсисоти ҳастаии ин кишвар анҷом мешавад. Хабаргузории ИРНО мегӯяд, дар ин “бозиҳои ҷангӣ”, ки имрӯз шурӯъ шудааст, ҳам нирӯҳои посдорони инқилоб ва ҳам артиши Ҷумҳурии Исломӣ ҷалб мешаванд. Тафсилоти аз ин беш дар даст нест.