Аз имрӯз дар кишвар маросиме бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ шурӯъ шуд. Азия-Плюс хабар медиҳад, ки дар пешорӯи 24 ноябр, ки тибқи қарори нави раиси ҷумҳурӣ аз имсол эътиборан чун Рӯзи парчами давлатӣ таҷлил мешавад, дар шаҳри Турсунзода марафони дав шурӯъ шуд. 15 варзишгари маҳфили варзишии “Ағба”-и ширкати алюмии ТалКо бо парчами Тоҷикистон дар даст бояд дар оғози ин дав ширкат кунанд. Дар ҷараёни марафон ба онҳо ҳудудан 500 ҷавони дигари сокини ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор ҳамроҳ хоҳанд шуд. Фардо ширкатдорони марафон бояд то пой тахт - шаҳри Душанбе расида аз назди пайкараи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ гузашта то варзишгоҳи ба номи Фрунзе ҳаракат кунанд ва аз он ҷо ба ноҳияи Ваҳдат равона шаванд. Ташаббускори ин марафон Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, ки дави идона бояд рӯзи 24 ноябр дар Роғун ба анҷом расида парчами Тоҷикистон ҳам дар ин ҷо гузошта шавад. Масофаи куллии марафон 176 километрро ташкил медиҳад, мегӯяд Азия-Плюс.