Нишасти Бруссел ва барномаи ҳастаии Эрон

Фардо ҷумъа қудратҳои ҷаҳонӣ дар Бруссел барои баррасии посухи ради Эрон дар масъалаи пешниҳоди ғанисозии ураниум дар хориҷ аз ин кишвар гирди ҳам меоянд. Имрӯз сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки мақомоти Бритониё, Чин, Фаронса, Русия, ИМА ва Олмон дар садри ин маҷлис қарор хоҳанд дошт. Рӯзи чоршанбе Эрон пешниҳоди Оҷонси байналмилалии энержии атомиро рад кард, ки гуфта буд, фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми Эрон дар Русия ва марҳилаи ниҳоиаш дар Фаронса ба роҳ монда шавад. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ҳушдор дод, ки чунин рафтори Эрон паёмадҳои муайян дар пай хоҳад дошт.