Медведев бозии Словенияву Русияро тамошо мекунад

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар пайи баҳси масоили содироти гази кишвараш ба Аврупои ғарбӣ дар нишасти сарони Русияву ИА дар Стокҳолм ба хотири тамошои бозии футболи байни тимҳои Русияву Словения ба ин кишвари Балкан хоҳад рафт. Русияву Словения дар ин бозӣ дар варзишгоҳи Марибор, шаҳре дар шимолу шарқи Словения, ба хотири ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки соли оянда дар Африқои ҷанубӣ хоҳад гузашт, рақобат хоҳанд кард. Имрӯз барои дарёфти 4 роҳхати боқимонда ба Ҷоми ҷаҳонӣ аз қораи Аврупо ҳамчунин тимҳои Украина бо Юнон, Фаронса бо Ирландия ва Боснияву Ҳерзеговин бо Португалия вориди рақобат хоҳанд шуд.