Ошкоршавии маҳалли танфурӯшони тоҷик дар Алмаато

Хабаргузории Kazakhstan Today дар бораи аз як фоҳишахонаи шаҳри Алмаато озод шудани 17 духтар хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон будаанд. Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи департаменти умури дохилии вилояти Алмаато, ки ин фоҳишахонаро ошкор кардааст, мегӯяд, меҳмонхонаи маҳаллии "Жибек Жолы" ба ҳайси маҳалли хадамоти танфурӯшон хизмат мекард. Полис мегӯяд, ки ин меҳмонхона ҳамчунин мақарри нигаҳдошти духтарҳо аз Тоҷикистон будааст, ки тавассути шаҳрҳои Қизилӯрда, Шимкент ва Тараз ба Алмаато оварда шуда ба танфурӯшӣ водор мешуданд. Ташкилкунандаҳои ин бозори фоҳшо чаҳор шаҳрванди Қазоқистон будаанд, ки синнашон аз 19 то 38-сола будааст. Департаменти умури дохилии вилояти Алмаато таҳқиқи ин ҳодисаро шурӯъ карда аз рӯи бандҳои марбут ба маҳрумияти ғайриқонунӣ аз озодӣ, сарпарастии фоҳишахона ва танфурӯшон ва водоркунии шахсони зиёд ба фоҳишагӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.