Нишасти ҷаҳонӣ ба хотири коҳиши гуруснагӣ

Имрӯз дар шаҳри Рум ҳамоиши байналмилалие ифтитоҳ меёбад, ки ҳадаф аз он кӯмак ба миллион нафар афроди гурусна дар саросари ҷаҳон аст. Интизор меравад, дар ҳамоиши сарони кишварҳо, ки бо мусоидати Барномаи Ғизо ва Кишоварзии Созмони Милал баргузор мешавад, раҳбарон ва дигар мақомоти баландпояи 60 кишвари ҷаҳон ширкат варзанд. Дар остонаи ин нишаст, муассисаи имдодии мазкури Созмони Милал ҳушдор дод, ки “вазъи ноамни ғизоӣ дар ҷаҳон бадтар шуда ва ҳамчунон таҳдиди ҷиддие барои башарият боқӣ мондааст”, чун теъдоди мардуме, ки аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд, бар асари бӯҳрони иқтисодӣ "бераҳмона афзоиш ёфтааст." Ин созмон тахмин мекунад, ки теъдоди афроди мӯҳтоҷи ғизои кофӣ, дар соли 2009 ба ҳадди 100 миллион нафар афзуда ва аз як миллиард нафар хоҳад гузашт.