Куштори покистонии корманди консулгарии Эрон

Як покистонӣ, ки дар консулгарии Эрон дар шаҳри шимолуғарби Пешовари Покистон кор мекард, аз зарби гулӯла ба ҳалокат расид. Полис гуфт, ки афроди мусаллаҳ рӯзи панҷшанбе ба Абулҳасан Ҷаъфарӣ дар наздии манзили ӯ ҳамла карданд. Дар паи тирандозӣ ин афрод аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Ҷаъфарӣ ба ҳайси раҳбари бахши равобит бо ҷомеаи консулгарӣ кор мекард. Дар ҳафтаҳои охир Пешовар шоҳиди силсилаи ҳамлаҳои шӯришиён шудааст, ки ба эҳтимоли ғолиб ба ин шакл аз амалиёти густардаи артиш дар шимолуғарби Покистон интиқом меҷӯянд.