Раиси ситоди фармондеҳии марказии нируҳои Амрико мегӯяд, дар ояндаи наздик Кохи Сафед тасмими худро дар бораи фиристодан ё нафиристодани нируи иловагӣ ба Афғонистон эълон хоҳад кард. Генерал Дэвид Петреус дирӯз ин нуктаро аз тариқи телевизиони CNN қабл аз мулоқоташ бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва мушовири низомии вай изҳор дошт. Дар ин мулоқот онҳо стратегияи баъдии ҳузури нируҳои Амрико ва ҷанги 8-сола дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Қаблан Кохи Сафед гуфта буд, ки Барак Обама рӯзи панҷшанбе силсилабоздидҳои худро аз кишварҳои осиёӣ шуруъ мекунад ва имкон дорад ин тасмим то чанд ҳафтаи дигар эълон нашавад.