Нишасти вазирони дифоъи ИДМ дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе иҷлоси 57-уми Шӯрои вазирони дифоъи Иттиҳоди кишварҳои мушаракулманофеъ доир шуд. Дар ин иҷлос масоили ҳамкориҳо дар соҳоти низомӣ ва низомиву фаннӣ ва ҳамоиши минбаъдаи вазоратхонаҳои дифоъи кишварҳои узв баррасӣ шудааст. Дабири Шӯро Александр Синайский гуфт, ки дар нишасти Душанбе Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ ва роҳҳои асосии рушди шабакаи муштараки дифоъи зиддиҳавоии Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ барои давраи то соли 2015 тасвиб шуд. Дар нишасти Душанбе вазирони дифоъи 9 кишвари ҳамсӯд ширкат карданд. Вазирони дифоъи Узбакистону Туркманистон ба Душанбе наомаданд.