Тендери Конимансури калон оғоз ёфт

Ҳукумати Тоҷикистон расман ҷиҳати истихроҷи маъодин аз Конимансури калон тендер эълон кард. Сабтиноми ширкатҳои довталаби сармоягузор то 14 декабр идома хоҳад ёфт.
Конимансури калон дар шимоли Хуҷанд воқеъ буда, аз бузургтарин конҳои нуқраи ҷаҳон маҳсуб мешавад. Захираи умумии нуқраи ин кон 50 000 тонна ва ҷамъи маъодинаш 1 миллиард тонна баровард шуда, дар баробари нуқра кони мазкур аз захираи симобу сурб низ бой будааст. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, ҳазинаи истихроҷи маъодин аз Конимансури калон тақрибан 2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.