Андрей Затокаро аз зиндон озод кардаанд

Мақомоти Туркманистон фаъоли ҳуқуқи башар Андрей Затокаро аз маҳбас озод ва ба дунбол аз қаламрави кишвар ихроҷ кардаанд. Созмони Human Rights Watch, мақараш дар Амрико гуфт, 5 сол ҳукми зиндони Затока, ки моҳи гузашта содир шуда буд, бо ҷарима иваз гардида ва ӯ аз маҳбас озод шудааст.
Ҳоллӣ Картнер, мудири ин созмон дар умури Аврупову Осиёи Марказӣ гуфт, иттиҳомоти боршуда ба Андрей Затока тақаллубӣ буд ва ӯ аслан набояд ба зиндон мерафт. Аммо мақомоти Ишқобод, ба гуфтаи хонум Картнер, Андрей Затокаро маҷбур кардаанд, ки бо вуҷуди доштани шаҳрвандии ҳам Туркманистону ҳам Русия, кишварро тарк бигӯяд ва аз ҳаққи худ ба манзиле, ки дар Туркманистон дошт, низ даст бикашад.