НАТО мегӯяд, ду нафар аз нирӯҳои шибҳанизомии Амрико дар ғарби Афғонистон зимни як маъмурияти таъминотӣ ғайб зада, ва дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯи онҳо беш аз 25 тан аз нирӯҳои амниятии Афғонистону НАТО ҷароҳат бардоштаанд.
Ҷангиёни толиб гуфтаанд, ки аҷсоди ду сарбози кушташудаи НАТО дар ҳамин минтақа – вилояти ҷанубии Бодғис дар дасти онҳост. Раҳбари пулиси Бодғис Абдулҷаббор гуфт, ҳарду сарбоз амрикоӣ буда, зоҳиран рӯзи чоршанбе ҳангоми ҷамъоварии бастаҳои тавассути ҳавопаймо партофташуда дар дарё ғарқ шудаанд.