Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, аз боздошти қотилони эҳтимолии вакили мудофеъ Станислав Меркелов ва хабарнигор Анастасия Бабурова истиқбол кард. Ахиран додситонӣ барои ҳабси ду сокини шаҳри Маскав - Никита Тихонов ва Евгений Хасис амр содир кард, ки дар куштори Меркелов ва Бабурина гумонбар мешаванд. Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников хабар дод, ки ин ду нафар ба як гурӯҳи ифротгаро шомил буданд ва аз ин гурӯҳ як миқдор силоҳ ошкор ва мусодира шудааст. Бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки афроди боздоштшуда аъзои собиқи созмони миллатгарои “Русское националъное единство” будаанд. Вакили мудофеъ Станислав Меркелов ва хабарнигори нашрияи “Новая газета” Анастасия Бабурова 19 январи соли равон дар маркази Маскав ҳадафи тир қарор гирифтанд.