Зукоми хук шудед? Натарсед

Аз замоне, ки бемории зукоми хук пайдо шуд, ҳоло тақрибан ҳар сокини сайора дар бораи вирус ё ангезандаи H1N1 огаҳӣ дорад.
Вале камтар касоне огаҳӣ доранд, ки вируси H1N1 ҳоло вируси аслии навъи бемориҳои зуком дар ҷаҳон ба шумор меравад.Грегорӣ Ҳартл, сухангӯи бемориҳои эпидемӣ ва пандемӣ дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Женева, мегӯяд: "Дар ҳоли ҳозир, дар доираи фаъолиятҳои марбут ба бемориҳои зуком мо мушоҳида мекунем, ки дар саросари ҷаҳон фаъолиятҳои марбут ба зуком аз вируси H1N1 сарчашма гирифтааст".

Мурин Бейкер, табиб аз коллеҷи салтанатии таҷрибаомӯзони Лондон, мегӯяд, дар бисёре аз кишварҳо табибон беморонро бо назардошти нишонаҳои бемории зуком муоина мекунанд. Аммо нишонаҳои ҳар навъ бемории зуком, аз ҷумла бемории зукоми хук шабеҳи якдигар ё вируси H1N1 мебошанд. Мурин Бейкер мегӯяд, ягона роҳи ташхис ва таъйини дақиқи ин навъи беморӣ санҷиши лабораторӣ мебошад. "Барои таъйини дақиқ, ки он воқеан бемории зукоми хук аст, бояд оби бинӣ ва луҳоби гулӯ гирифта шавад, то ки ҷараёни ташакукули вирус мушоҳида шавад. Ин кор чанд рӯзро дар бар мегирад".

Дар Украина, ки таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ вуҷуд надорад ва озмоишҳои ҳамаҷонибаи лабораторӣ анҷом намегирад, вазъи номуайян ба вуҷуд омадааст ва боиси пайдо шудани сару садоҳо дар бораи вируси H1N1 дар байни мардум шудааст. Ҳатто, таъйиди озмоишгоҳҳо ва шифохонаҳо наметавонад далели воқеии сирояти вируси H1N1 бошад. Муоинаи дақиқро танҳо дар баъзе кишварҳо метавон ба даст овард, дар кишварҳое, ки барои мубориза бо ин эпидемия бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамкории наздик доранд.

Дар баъзе кишварҳо, аз қабили Украина ва Афғонистон аз бими зукоми хук мактабҳоро муваққатан бастаанд ва дар Сербистон таътили тирамоҳии мактабҳоро муддате тамдид кардаанд. Албатта, ҳадафи онҳо аз чунин кор ҷилавгирӣ аз густариши ин беморист. Табибон мегӯянд, дар ҳолати гирифтор шудан ба вируси H1N1 набояд ба воҳима афтод, зеро дар ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ бояд баъзе корҳоро анҷом диҳанд ва беморӣ баъд аз чанд рӯз мегузарад.

Ҷон Оксфорд, устоди Донишгоҳи тибби Лондон, мегӯяд, вируси зукоми хук аз он ҷиҳат хатарнок аст, ки он ба мағзи шуш ворид мешавад. Беш аз нисфи афроде, ки бо ин беморӣ дар Амрико бистарӣ шудаанд ва тақрибан чаҳоряки афроде, ки аз ин беморӣ ҷон додаанд, одамони поинтар аз синни 25-сола будаанд, ки барои бемории зуком ғайримаъмулӣ мебошад. То ҳол пешгӯӣ кардани сабаби аслии марг аз бемории зукоми хук ҳамчунон аз имкони илми имрӯз берун аст ва ҳамарӯза таҳқиқот дар ин замина идома дорад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои мубориза бо ин беморӣ барномаҳое ба иҷро мегузорад ва кишварҳои ғарбӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории зуком дар мавсими оянда барои харидории миқдори зарурии ваксинҳо сармоягузорӣ мекунанд.