Намояндаи Сербистон гуфтааст, Белград ба манзури боздошти фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Буснӣ Радко Младич тамоми кореро, ки аз дасташ меояд, мекунад. Ба бовари масъули ҳамкорӣ бо додгоҳи Ҳейг дар Шӯрои амнияти миллии Сербистон Расим Лялич, мақомот то поёни соли ҷорӣ Младичро пайдо ва дастгир хоҳанд кард. Ин изҳорот дар пешорӯи боздиди додситони кулли додгоҳи Ҳейг Серж Браммертс аз Белград садо дод. Боздошти Радко Младич, ки ба як силсила ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла қатли омм дар солҳои ҷанги Буснӣ муттаҳам мешавад, як шарти калидӣ ҷиҳати пазируфтани Сербистон ба узвияти ИА-ст.