Аврупо ба эъзоми нирӯи изофӣ майл надорад

Жозе Мануэл Баррозо, раиси Куммиссиюни Аврупо гуфт, ҳатто дар сурати ризоияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба ирсоли нирӯи изофӣ ба Афғонистон, гумон аст, ки кишварҳои Аврупо ба онҷо нирӯи бештар бифиристанд. Натоиҷи назарсанҷиҳо дар бисёре аз кишварҳои Аврупо ҳокист, ки аксари мардум баръакс ҷонибдори хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистонанд.
Феълан ҷамъи нирӯҳои Амрико дар Афғонистон 67 000 сарбоз ва аз муттаҳидинаш – 42 000 нафарро дар бар мегирад.
Баррозо, ки дар Вошингтон сӯҳбат мекард, гуфт, дар байни мардуми Аврупо дар масъалаи ирсоли нирӯҳои изофӣ ба Афғонистон кадом “дилгармии зиёд” мушоҳида намешавад ва гумон аст, ки дар нишасти моҳи ояндаи вазирони дифоъи паймони НАТО кадом тасмиме дар ин маврид гирифта шавад.