Дар ҳоле, ки аҳзоби сиёсӣ ба интихоботи порлумонӣ омодагӣ мегиранд, сокинони деҳоти дурдаст нисбати ин маърака ноогоҳӣ ва бетафовутӣ зоҳир мекунанд.
Ба гуфтаи Рустами Содиқиён, сокини ноҳияи Дарвоз, вай дар ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳия шоҳиди ноогоҳии комили мардум дар мавриди интихоботи ояндаи порлумони шудааст. Вай афзуд, «мардуми оддӣ дар бораи интихобот чизе намедонад, бештари зиёиён агарчи аз омод-омади интихобот хабар доранд, аммо дар мавриди фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ширкати онҳо дар интихобот тасаввуроти нокомил доранд».
Рустами Содиқиён сабаби ноогоҳи ва маърифати поини сиёсии мардумро дар маҳалҳо ба мавҷудияти халои иттилоотӣ дар минтақа марбут медонад. Вай баён дошт, дар шароити имконоти ками дастрасӣ ба нашрияҳо ва нуқтаҳои родиё ва телевизион ягона манбаъи иттилоот дар деҳоти дурдаст боқӣмемонад. Вале ба гуфтаи Рустами Содиқиён, аммо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ бештар вақт мардумро ба барномаҳои фароғатӣ андармон месозанд ва ташаккули афкори сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро кори дуюмдараҷа мешуморанд.
Вай изҳор дошт, ки «табодули афкор оид ба интихобот тавассути телевизион бояд кайҳо шурӯъ мешуд, аммо телевизион бештар ба намоиши барномаҳои консертӣ ва мадҳу ситоиши сарони давлат банд мебошад ва ба назар мерасад, ки дар барои шуруи барномаҳои марбути интихобот ишораеро аз боло интизор ҳастанд».
Дар ҳамин ҳол Убайд Бахтибеков, сокини ноҳияи Рушон, изҳор дошт, ки дар ҷамоати деҳоти Савноби маҳалли Бартанги ноҳия сокинони зиёда аз даҳ деҳа аз тамошои оинаи нилгун ҳам маҳрум ҳастанд.
Вай гуфт, «дар бархе аз деҳот дастгоҳи фиристандаи мавҷи телевизионӣ дар ҳолати нимвайрон қарор дошта, одатан бо наздик омадани интихобот ва ё маракаи дигар мутахассисон омада ин каналҳоро соз мекунанду пас аз чанде онҳо вайрон мешаванд».
Ба гуфтаи мусоҳиб, дар чунин ҳолати халои иттилоотӣ шахсе, ки барои ягон кор ба маркази ноҳия ва ё вилоят рафта омадааст, ба манбаи асосии иттилоъ барои сокинон табдил меёбад ва боис мешавад, ки бархе аз мардум ба ҳаводис аз рӯи овозаҳо баҳо медиҳанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳамчунин ҷой доштани тақаллубкориҳо дар интихобиоти порлумонии қаблӣ муҷиби дилсардӣ ва бетафовутии мардум нисбат ба интихобот шудааст.
Аммо Рустами Содиқиён сабаби асосии ноогоҳии мардумро адами дастрасӣ ба нашрияҳо ва фаъолияти тарғибкоронаи шабакаҳои телевизионӣ марбут медонад. Вай ҳамчунин мустақилият нишон надодани порлумон дар қабули қонунҳоро яке аз сабабҳои бетафовутӣ нисбати он ва интихоби вакилони оянда дар он мешуморад.
Ба гуфтаи Шамсиддин Раҳматуллоев, устода донишгоҳи Хоруғ, авзои сиёсӣ ҳатто дар пешорӯи интихоботҳои гузашта дар минтақа фаъолтар ва пуробурангтар будааст. Вай гуфт, «дар ҳоле, ки мақомот баргузории нишастҳо ва мизҳои гирдро дар пешорӯи маъракаи интихоботӣ кори созмонҳои байнулмиллаи медонад, коҳиши таваҷҷӯҳи созмонҳои байнулмиллалӣ ба масоили омодагӣ ба интихобот ба руҳия ва вазъи умумӣ таъсир гузошта, як ҳолати сокит ва бетафовутиро ба миён овардааст».
Аммо масъулини маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизиони Бадахшон мегӯянд, ки аз лиҳози техникӣ барои мардум имконияти хубтари дастрасӣ ба иттилоот фароҳам шуда, пӯшиши маҳаллоти аҳолинишин бо мавҷҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон то ба 99 дарсад, «Сафина» - 87, «Ҷаҳоноро» - 82 ва «Баҳористон» - 39 дарсад густариш ёфтааст.
Ба гуфтаи масъулин, аммо мушкилоти қувваи барқ бештар аз ҳама дар Мурғоб ва барои бархе аз сокинони маҳаллоти Рушон ва Ванҷ имконияти дастрасӣ ба иттилоотро маҳдуд кардааст. Ба иттилои марказ, барномаҳои радиои ҷумҳуриро бинобар мушкилоти техникӣ каме бештар аз 40 дарсади мардуми вилоят метавонанд гуш кунанд.
Рустами Содиқиён сабаби ноогоҳи ва маърифати поини сиёсии мардумро дар маҳалҳо ба мавҷудияти халои иттилоотӣ дар минтақа марбут медонад. Вай баён дошт, дар шароити имконоти ками дастрасӣ ба нашрияҳо ва нуқтаҳои родиё ва телевизион ягона манбаъи иттилоот дар деҳоти дурдаст боқӣмемонад. Вале ба гуфтаи Рустами Содиқиён, аммо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ бештар вақт мардумро ба барномаҳои фароғатӣ андармон месозанд ва ташаккули афкори сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро кори дуюмдараҷа мешуморанд.
Мардуми оддӣ дар бораи интихобот чизе намедонад. Бештари зиёиён агарчи аз омад-омади интихобот хабар доранд, аммо дар мавриди фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ширкати онҳо дар интихобот тасаввуроти нокомил доранд ...