Тааҳҳуди Карзай дар баробари мардуми Афғонистон

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, имрӯз қавл дод, ки ҳукумати фарогиреро таъсис хоҳад дод, ки аз тамоми миллатҳои кишвараш намояндагӣ хоҳад кард. Зимни суханронӣ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул Ҳомиди Карзай ҳамчунин аҳд кард, ки ба қавли худаш “доғи фасод”-ро аз кишвараш пок хоҳад кард. Карзай гуфт:

“Маъмурияти Афғонистон обурӯи бади олудагӣ ба фасодро дорад. Ва ҳоло мо ӯҳдадор ҳастем, ки ҳама қуввати худро барои пок кардани ин доғ аз исми худ равона кунем”.

Ҳомиди Карзай баъди лағви даври дуввуми интихоботи рӯзи 7 ноябр аз тарафи Комиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон барои панҷ соли дигар раиси ҷумҳурии ин кишвар эълом шуд. Даври дуввумро баъд аз он лағв карданд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ - танҳо рақиби Ҳомиди Карзай бо зикри тазмин нашудани як интихоботи шаффофу одилона аз ширкат дар он даст кашид. Зарурат барои баргузории даври дуюми интихоботи Афғонистон баъди он эълон шуд, ки Комиссиюни таҳқиқи шикоятҳои интихоботии CММ хулоса кард, ки дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи 20 август тақаллуби фаровон, қолибан ба фоидаи Карзай ҷой доштааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе Ҳомиди Карзайро табрик карда аз ӯ хост, ки барои мубориза бо фасод ҳама талошашро ба харҷ диҳад.