Дар Украина аз "зукоми хук" 67 кас аз олам даргузаштанд

Дар Русия аз маризии “зукоми хук” даҳ нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилоъи мақомоти беҳдоштии кишвар, дар аксар ҳолатҳо афроди мубтало ба ин маризӣ сари вақт мавриди муолиҷа қарор нагирифтаанд. Айни ҳол дар Русия даҳҳо ҳазор нафар ба “зукоми хук” мувоҷеҳанд ва теъдоди бештари онҳо дар минтақаҳои Красноярк, Хабаровск, Приморие, ҷумҳуриҳои Хакасия ва Комӣ ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург сабти ном шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, теъдоди қурбониёни ин маризӣ дар Украина ба 67 нафар расид. Дар ин кишвар беш аз 200 ҳазор нафар ба ин маризӣ мубталоянд. Ахиран аз Швейсария ба Украина доруву дармони алайҳи зуком интиқол дода шуд.