Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон генерал Абдуллоҳ Назаров гуфт, имсол дар Тоҷикистон 29 тан аз аъзои Ҷиҳоди исломӣ ва Ҳаракати исломии Узбакистон ва 5 тани дигар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо шабакаи террористии Ал-Қоида боздошт шудаанд. Генерал Назаров дар ҳошияи анҷумани байналмилалие таҳти унвони “Олмон ва Осиёи Марказӣ -стротежии ҳамкории қавӣ дар амри таъмини амният” ба хабарнигорон гуфт, теъдоде аз тарафдорони сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев низ ба суфуфи Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистон пайвастаанд. Аммо оқои Назаров афзуд, феълан аз сӯи Худойбердиев ва ҳамин тавр аз Афғонистон таҳдиди мустақиме ба амнияти Тоҷикистон барнамеояд.