Дабири кулли СММ вориди Кобул шуд

Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ба хотири музокирот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва рақиби пешини ӯ Абдуллоҳи Абдуллоҳ вориди Кобул шуд. Абдуллоҳ дирӯз эълон кард, ки азбаскӣ талабҳои тазмини як интихоботи одилона ва шаффоф пешгузоштаи ӯ иҷро нашуданд, номзадиашро аз даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ берун мекашад. Карзай ба дунбол гуфт, бояд акнун куммиссиюни интихобот тасмим бигирад, ки даври дуввуми раъйгириро рӯзи 7 ноябр барпо мекунад ё хайр. Даври дуввум дар пайи дар интихоботи рӯзи 20 август ошкор шудани мавориди фаровони умдатан ба фоидаи Карзай тақаллуб шудани натоиҷи оро эълон шуд.