Додситонии Кӯлоб ба масъулини қисми низомии 201-уми Русия ҳушдор додааст, то пас аз тамринҳо майдони машқгоҳи хешро аз боқимондаҳои тир пок намоянд.
Додситонӣ дар ҳоле чунин ҳушдор медиҳад, ки 30-юми сентябр 6 тан аз сокинони шаҳри Кӯлоб аз зарби таркиши чунин як тири снарядии ҳавододаи афсарони рус ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буданд.
Дар ҳамин зимн, Насрулло Маҳмудов, додситони шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки афсарони рус пас аз анҷоми тамриноти низомӣ тирҳои бори аввал оташ нагирифтаро дар майдон ҳаво медиҳанд, ки бархеи онҳо дар дасти наврасон инфиҷор мешаванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки боре нашудааст, то зарари аз ҳисоби ин тирҳои партовшударо қисми низомӣ ҷуброн намуда бошад. Сокинони деҳоти атрофи машқгоҳи “Мумирак” мегӯянд, ба ҷуз ин аз тирҳои, ба истилоҳ, дайдуи ин машқгоҳ онҳо зарари ҷиддӣ мебинанд.
Бунафша Зокирова, як сокини деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ҳангоми иҷрои машқҳои низомӣ деҳаи онҳо зери борони тир қарор мегирад. Вай мегӯяд, “борҳо болопӯшҳои бинои хонаҳо ва чорпоёни мо аз тири урусҳо зарар дидааст. Соли гузашта ду ҷавон аз тири онҳо фавтид. Ин тавр зиндагӣ намешавад. Ё моро аз зери тирҳои онҳо кӯчонанд ё онҳо тирпарониро бас намоянд”.
Шикояти сокинони деҳоти атрофи машқгоҳи “Мумирак” дар ҳолест, ки бархе коршиносон пешниҳод мекунанд, то қисми ҳарбии Русия аз маркази шаҳр ба ин мавзеъ кӯчонида шавад. Аммо Рустам Наботов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳам бинои қисми ҳарбӣ дар дохили шаҳр ва ҳам машқгоҳи он дар миёни чанд деҳа ба талаботи низомӣ ва шаҳрдорӣ ҷавобгӯ нест.
Аммо Баҳриддин Сангимадов, як сокини Кӯлоб, мегӯяд, додситонии Кӯлоб набояд бо ҳушдор додани ин қисми низомӣ иктифо намояд. Ӯ мегӯяд, аз тирҳои партовшудаи онҳо инсонҳо ҳалок ва маҷрӯҳ мешаванд, ки ин кори саҳл нест.
То ба ҳол дар посух ба ҳушдори додситонии Кӯлоб масъулини қисми низомии 201 уми Русия дар Кӯлоб расман ҳеҷ вокунише нишон надодаанд. Ба хабарнигорон низ касе аз намояндагони ин қисми ҳарбӣ ҳозир нашуд, то сӯҳбат намояд.
Дар ҳамин зимн, Насрулло Маҳмудов, додситони шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки афсарони рус пас аз анҷоми тамриноти низомӣ тирҳои бори аввал оташ нагирифтаро дар майдон ҳаво медиҳанд, ки бархеи онҳо дар дасти наврасон инфиҷор мешаванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки боре нашудааст, то зарари аз ҳисоби ин тирҳои партовшударо қисми низомӣ ҷуброн намуда бошад. Сокинони деҳоти атрофи машқгоҳи “Мумирак” мегӯянд, ба ҷуз ин аз тирҳои, ба истилоҳ, дайдуи ин машқгоҳ онҳо зарари ҷиддӣ мебинанд.
30-юми сентябр 6 тан аз сокинони шаҳри Кӯлоб аз зарби таркиши чунин як тири снарядии ҳавододаи афсарони рус ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буданд ...