Раиси бахши ҲХДТ барканор шуд

Раиси бахши бадахшонии ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абуласейн Худоиев аз мақом барканор шудааст.
Манбаъҳо дар мақомот гуфтанд, ки раиси ҳизб барои ба синни нафақа расидан бо хоҳиши худаш курсиро ба фоидаи Шамсиддин Орумбеков, муовини раиси вилоят, холӣ намудааст. Аммо Шамсиддин Орумбеков гуфт, ки вай танҳо ба ин мақом пешбарӣ шуда, тасмими ниҳоиро конфронси вилоятии ҳизбӣ мегирад, ки пас аз чанд рӯз дар маркази вилоят баргузор хоҳад шуд.

Аммо коршиносон таҳаввулот дар ҳизби халқии демократӣ ва ба таври оҷил ба нафақа фиристодани раиси ҳизбро, ки баҳори соли соли оянда 63 солро пур мекунад, марҳалаи омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ дар минтақа мешуморанд.

Коршиносон таҳаввулот дар ҳизби халқии демократӣ ва ба таври оҷил ба нафақа фиристодани раиси ҳизбро ба марҳалаи омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ дар минтақа рабт медиҳанд ...
Кошиносон ҳамчунин бархе аз тағйиротҳои кадрии ахир ва ба курси мансуб шудани ашхосеро, ки метавонанд дар интихобот барои ҳизби ҳоким мушкилот эҷод кунанд, аз тадбирҳои омодагӣ ба интихобот медонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан раиси вилоят Қодир Қосим дар нишасти аҳзоби сиёсӣ гуфт, ки ба иттилоъи вай аҳзоби мухолиф дар минтақа кайҳо омодагиро ба интихоботи оянда шурӯъ кардаанд.

Аммо мутахассиси маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрванди «Қалам» Назарбек Мамадназарбеков вазъи мавҷуди аҳзоби сиёсиро дар пешоруи интихоботи порлумонии оянда дар Бадахшон ба хомушии пеш аз туфон шабеҳ медонад, ки то ба ҳол дар он танҳо ҳизби ҳоким аз худ дарак медиҳад. Ба фикри вай қабул нашудани лоиҳаи алтернативии интихобот то андозае аҳзоби сиёсиро руҳафтода кардааст.

Ба фикри коршиносон, таъсири бӯҳрони молиявӣ боис мегардад, ки аҳзоби сиёсӣ бо имконоти камтар ба майдони сабқат ворид шаванд.
Аммо раиси бахши бадахшонии ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов таъсири бӯҳронро ба аҳзоби мухолиф рад намуда гуфт, ки аҳзоби навтаъсис дар ҳар шароит имоноти моли камтар доштаанд ва бештар ба дастгирии маънавии ақшори ҷомеа такя менамуданд.

Ба гуфтаи ӯ, бадар шудани тарсу ҳарос аз дили мардум ва ва таъсири бӯҳрони молияви ба ҳаёти иҷтимоӣ баръакс боис мешавад, ки интихобкунандагони бештаре рӯ ба ҷонибдори аз аҳзоби мухолиф оваранд.Ба гуфтаи раиси ҳизб, аммо ҳизби онҳо намехоҳад дар майдони талошҳои ояндаи интихоботи пештоз бошад ва намехоҳанд, ки, ба қавле, «пеш аз пода чанг бардоранд».

Муовини раиси бахши вилоятии ҳизби назҳат Сабзалӣ Мамадризоев гуфт, ки онҳо барои интихоботи оянда «сюрпизҳо» омода ва номзадҳоро муайян карданд. Аммо ба хотири мавриди фишори эҳтимоли қарор нагирифтан хомуширо ихтиёр кардаанд.

Ба фикри коршиносон эҳтимол меравад, ки дар интихоботи оянда ҳизби демократ дар минтақа бо ду ҷиноҳ, ки ҳар ду худро қонуни мешуморанд, ширкат варзанд.

Аммо коршиносон баргузории конфронси қарибулвуқуи бахши вилоятии ҳизбии халқии демократи ва таҳаввулоти эҳтимолии кадрӣ дар онро оғози расмии омодагии ҳизби ҳоким ба интихобиоти порлумонии ояндаи кишвар мешуморанд.