Тақозои доктор Абдуллоҳ дар пешорӯи раъйгирӣ

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, рақиби раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар даври дуввуми интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ, ки рӯзи 7 ноябр баргузор хоҳад шуд, хостори истеъфои раиси куммиссиюни интихоботи кишвар шудааст. Доктор Абдуллоҳ дар як нишасти хабарӣ ҳамчунин феҳрасти шароити ҳадди ақалли лозим барои баргузории як интихоботи мунсифонаро номбар кард. Ӯ афзуд, раиси куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон Азизуллоҳ Лодин эътиборашро аз даст додааст ва бояд билофосила иваз шавад.
Даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар таърихи 20 август ҳамроҳ бо тақаллуби фаровон гузашт.