Раҳмон ва Петреус дар Душанбе мулоқот мекунанд

Имрӯз генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон барои гуфтугӯ бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон вориди Душанбе шуд. Дар ҳамин дақиқаҳо мулоқоти Девид Петреус ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе идома дорад. Боздид ва музокироти фармондеҳи нируҳои Амрико дар ҳоле анҷом мегирад, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар фикри фиристодани нируҳои изофӣ ба Афғонистон аст. Генерал Петреус бо раиси ҷумҳур ва баъзе мақомоти низомии Тоҷикистон дидор ва роҷеъ ба ҳамкориҳо барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон гуфтугӯ мекунад.