Фаъолияти «Квестнет» - як ширкати тиҷоратии маъруф дар байни ҷавонон дар асоси парвандаи ҷиноӣ дар вилояти Бадахшон манъ карда шудааст.
Ба иттилои додситонии вилоят, нисбати ду нафар намояндаи минтақавии ин ширкат Акмал Орипов ва Манижа Субҳонқулиева бо ҷурми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Ба гуфтаи Бахтибек Сафаров, ёрдамчии калони додситони Бадахшон, дар ҷараёни тафтишот собит шудааст, ки гурӯҳи корчаллонҳо ба номи ин ширкат , ки дар Душанбе сабти ном шудааст, дар қаламрави вилоят амалиётҳои ғайриқонунӣ анҷом доданд.
Вай гуфт, ки ин афрод ба фурӯши маҳсулоти заргарӣ ва биодискҳои табобатии нархашон ночиз бо қимати даҳчанд ба мардум машғул будаанд. Ба иттилои мақоми тафтишотӣ дар тӯли фаъолияти яксола ин афрод муваффақ шудааанд, ки зиёда аз 600 касро ба доми фиреб афтонанд.
Сабоҳат Донаёрова, яке аз фиребхурдагон гуфт, бештари мизоҷон, ки барои ҳар якашон ба ивази ҷалби се нафар ба фаъолияти тиҷоратӣ бонус ва ё мукофотпулӣ ваъда гардидааст, балки аз маблағи гузоштаи хеш дар муомилот бо ширкат маҳрум мондаанд. Вай афзуд, корчаллонҳо ба дасти мизоҷоне, ки баргардондани пулашонро талаб карданд, асбобҳои муолиҷавӣ ва маҳсулоти заргарии нархашон ночизро супурданд.
Диски 5-сомона бо нархи 600 доллар
Ба гуфтаи донишҷӯи Донишгоҳи Хоруғ Таманно Алибекова, вай ва модараш қурбони тарғиботи ашхос гардиданде, ки худро намояндагони ин ширкат муаррифӣ намудаанд ва фоидаи зудро ваъда карданд. Ба гуфтаи Таманно, натиҷаи бовариашон ин шудааст, ки акнун ба ивази 600 доллар як диски нархаш 5 сомониро, ки ба гуфтаи намояндагони ширкат хусусияти муолиҷавӣ дорад, дар сандуқ нигоҳ медоранд.
Аммо сокини шаҳри Хоруғ Аслигул Шомирзоева мегӯяд, ки бо чунин биодиск худ ва модарашро шифо бахшида, аз харидаш қаноатманд мебошад. Ба фикри вай, мушкилоти ширкат бо айби мизоҷон ба вуҷуд омадааст, ки барои ҳар чи тезтар фоида гирифтан сабру тоқатро аз даст додаанд.
Журналист Хушомади Алидод савияи поини дониши иқтисодӣ ва фарҳангии қишрҳои ҷомеаро яке аз сабабҳои ба доми фиреб афтодани шаҳрвандон мешуморад. Журналист ҳамчунин набуди анъанаи бо заҳмат андухтани сармоя ва майли якбора соҳиб шудан ба луқмаи калон ва падидаи нав будани усули қаллобии корчаллонҳоро аз омилҳои зудбоварии мардум номид.
Аммо Сабоҳати Донаёр мегӯяд, ки вай ва шавҳараш мақола оид ба фаъолияти ширкатро дар рӯзномаи бонуфузи «Минбари халқ» хонда бовар карданд ва барои аъзои ширкат шудан ҳатто дигаронро ташвиқ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол аз байни фиребхурдагон 6 нафар ба доситонии Бадахшон дар мавриди бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағҳояшон муроҷиат кардаанд.
То ба ҳол додситонии вилоят чаҳор нафар соҳибкорро барои фаъолияти ғайриқонуни аз номи ширкат ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баст. Тафтишоти аъмоли намояндагони ширкат дар мавриди ҷалби маблағи шаҳрвандон идома дорад. Тибқи иттилои базъе сарчашмаҳо, сокинони вилоят бештар аз 300 ҳазор долларро ба умеди фоида гирифтан ба корчаллонҳои «Квестнет» пардохтаанд.