Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Квестнет» - пирамида ё тиҷорати интернетӣ?


Мултилевел маркетинг ин як тиҷорати асри нав аст, ки одамон ба воситаи интернет ягон маҳсулотро харидорӣ мекунанд. Мултилевел маркетинг ба харидорони худ чунин низомеро пешниҳод мекунад, ки баъд аз харид аъзои ширкат гардида, аз ҷалби харидорони дигар ба онҳо фоида медиҳад. Шахс вақте ки аъзо мешавад, бояд ду муштарии дигар пайдо кунад ва ҳамин тавр занҷира идома меёбад. Ширкат барои ворид шудани ҳар як муштарӣ ба аъзоёни дар боло истода як фоизи муайян маблағ ҷудо мекунад.

Парвин аз ҷавононест, ки шомили «Квестнет» - яке аз чунин ширкатҳои тиҷорати интернетӣ шудааст. Вай мегуяд, ин намуди тиҷорат аз ҷалби мизоҷон ва фуруши ҳарчи бештари маҳсулоти ширкат иборат мебошад, ки дар натиҷа барои ҳар шаш нафар 250 доллар мафод дода мешудааст. Аммо ин маблағҳо танҳо дар он сурате насиби аъзои нав мегардад, ки агар шохаи ӯ ҳамеша фаъол ва нафарони ҷалбкардаи вай муштариёни дигарро барои харидории маҳсулоти ширкат бо нархи беш аз 500 доллар ҷалб созанд.

«Квест нет» ахиран дар миёни бисёре аз сокинони шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон маъмул гардидааст. Ғолибан ба ин навъи тиҷорат одамон аз ҷониби дӯстони наздик ва пайвандонашон даъват мешаванд. Зеро «Квест нет» ба эътимоди инсонҳо ва таъсирҳои равонӣ бастагӣ доштааст.

Муҳтавои «Квест нет» аз он иборат аст, ки шахс бо тавсияи нафаре, ки қаблан тариқи сомонаи ин муассиса барои худ ҷавоҳироти тилло, ба монанди соат, сикка, занҷира, таҷҳизоти тибби, таҷҳизоти техникӣ ва ё роҳхати сафарҳои сайёҳӣ, харидорӣ кардааст, яке аз маҳсулоти дар боло зикр шударо интихоб мекунад. Маблағи ҳадди ақали харид беш аз 500 доларро ташкил дода, ба он 10 доллар ҳаққи воридшавӣ ва беш аз 20 доллар ҳаққи роҳкирои мол илова мегардад.

Ҳарчанд ашёҳои тариқи сомона пешниҳод гардида ғолибан чандон ба завқи харидор мувофиқ набуда ва шояд ба қимати муайянгардидааш низ арзанда набошад, аммо миёнаравон ҳадафи муштариро қабл аз харид тағйир медиҳанд. Яъне новобаста аз пардохти маблағи зиёд муштарӣ ба сифати маҳсулот кам таваҷҷуҳ зоҳир карда, бештар оид ба кор ё худ дарёфти фоидаи ҳангуфт фикр мекунад.

Ба ин васила дар ҷараёни муаррифии барнома, ки аз ҷониби нафарони омузонидашуда сурат мегирад, бо истифодаи усули мухталифи равонии ҳирси дунёии инсон афзун карда мешавад. Барои таълими ҷалби одамон, дарсҳои махсус созмон дода мешавад, ки онҳо нахуст ба мустаҳкам кардани эътимоди худи миёнаравони навкор ва баъдан усули таъсир ба одамони атроф омӯзонида мешавад.

Яке аз ин усул «пайгирӣ» ном дорад, ки дар ҳолати эҳсоси як каме боварӣ миёнарав аз муштарӣ даст нахоҳад кашид. Азбаски ин амал аз ҷониби пайвандон ва ё дӯстони наздик сурат мегирад, баъзан шахс ночор барои харид розӣ мешавад, зеро дар акси ҳол зангҳои пайиҳами телефонӣ, мулоқот, боваркунониҳо ва амсоли инҳо идома хоҳанд ёфт. Аммо баъд аз харид кардан дигар ба шумо кам кордор хоҳанд шуд, зеро акнун шахс ба хотири баргардонидани маблағ, ки ғолибан қарз кардааст, дар фикри ҷалби муштарии дигар мешавад. Ҳамин тавр занҷираи ҷалби муштариён ба шакли пирамида, ки ба аксари мардум маълум аст, идома меёбад.

Комил, як ҷавони дигаре, ки ӯро низ дӯстонаш ба ин намуди фаъолият ҷалб кардаанд, ба ояндаи «Квест нест» бовар дорад. Вай мегуяд, се моҳ аст, ки аз ин намуди фаъолият даромад ба даст меорад. Ба гуфтаи ӯ, бештари ҷавононе, ки вориди ин ширкат шудаанд – онҳо бештар аз 1000 нафаранд - дар тули шаш-ҳафт моҳ аз 2 то 3 ҳазор долларӣ фоида ба даст меоранд. Вай мегуяд, ки низоми кори мултилевел маркетинг аз пирамида фарқ дорад. Аммо Комил дар ҳоле мегӯяд, ки пулҳои сарфкардаашро баргардонида бар илова фоида низ ба даст меорад, ки ҳатто ягон нафарро барои харид ҷалб накардааст.

Коршиносони сохаи иқтисод мегӯянд, чунин навъи фаъолият агарчи барои нафарони дар болои пирамида қарор дошта фоидаовар бошад, аммо барои шахсони баъди зарарҳои калон дорад. Зеро ҳеч кас аз муфлис ва ё умуман баста шудани он кафолат намедиҳад. Тибқи мушоҳидаҳо, ба ин намуди тиҷорат ғолибан ҷавонон ва ё сокионони деҳот машғул ҳастанд, ки бовар кунонидани онҳо то андозае осон аст. Зеро баъзе аз шахсон, ки аз интернет ва компютер огоҳ нестанд, танҳо бо дидани ин компютер ва аксҳои баъзе аз шахсон дар сомонаи интернетӣ бовар ҳосил мекунанд. Аммо ҳаминро низ хотирнишон бояд кард, ки то ҳануз аксари аҳолии аз муҳрабизнес муфлис гашта онро фаромуш накардаанд. Бовар кунонидани ин нафарон ва онҳое, ки аз олами интернет ва қалобиҳои мавҷуда огоҳанд, кори осон нест.

Гуфта мешавад, фаъоляити «Квест нет»-ро дар Тоҷикистон ду хориҷӣ оғоз кардаанд ва ба қавли онҳо ин тиҷорат расмӣ ва қонунӣ амал мекунад. Дар ҳамин замина додситонии кулли кишвар низ дар як нишасти хабарӣ изҳор карда буд, ки аз мавҷудияти чунин навъи фаъолият огоҳ нестанд.

Мувофики итилоъи ғайрирасмии дастандаркорони «Квест нет» дар Тоҷикистон, беш аз 5 000 шаҳрванд шомили он гаштаанд ва аммо то ҳануз аксари онҳо маҳсулоти харидаи худро бо чашми худ надидаанд. Зеро мегӯянд маҳсулот дар фурудгоҳи кишвар бо сабаби насупоридани боҷи гумрук боздошт шудааст. Ҳалим, як корманди идораи бағоч ва арзу шикоятҳо, гуфт, маҳсулоти мавҷудаи ин ширкат бо сабаби арзон нишон додани арзиш муваққатан боздошт шудааст.

Аммо нагирифтани маҳсулот ба рушди тиҷорат қариб ки таъсир нарасонидааст, зеро дар ҷаласаҳои махсус онҳое, ки ба ояндаи неки ин тиҷорат бовар надоранд ва ё моли харидори кардаашонро талаб мекунанд, нафарони бемақсад ва сустирода унвон мешаванд.

XS
SM
MD
LG