Рӯзи ҷумъа дар ҳудуди корхонаи “Тоҷиктекстилмаш”-и Душанбе ҳудуди 560 кило маводи мухаддир оташ зада шуд.
Ин миқдори бузурги маводи мухаддир, ки 140 килои онро – ҳероин, 187 килояшро – афюн ва 218 килои дигарашро маводди мухаддири навъи хашхош ташкил медод, аз далоили шайъии парвандаҳое будааст, ки ҳукми додгоҳҳо дар қиболи онон алакай ба ҳукми иҷро даромадааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали соли ҷорӣ наздики 1 791 кило маводи мухаддирро ба коми оташ супурдаанд.