Вазирони дифоъи 28 кишвари узви НАТО имрӯз дар шаҳри Братислава – пойтахти Словакия, дар як нишасти ғайрирасмӣ ҷанг дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Дар баробари мавзӯъҳои дигар нигарониҳои амниятӣ дар остонаи даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон баррасӣ мешавад, ки қарор аст, 7 ноябр баргузор шавад. Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳур ва Абдулло Абдулло – вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон, барои соҳиб шудан ба мақоми раёсати ҷумҳур рақобат хоҳанд кард. Нишасти вазирони НАТО дар замоне сурат мегирад, ки Барак Обама ҳанӯз ҳам масъалаи ирсоли сарбозони изофӣ ба Афғонисти ҷиҳати мубориза ба зидди Толибонро баррасӣ мекунад. Бино ба гузоришҳо, аъзои НАТО ҳар гуна қарор дар мавриди эъзоми нерӯҳои изофиро то замони интихоботи Афғонистон ба таъхир хоҳанд андохт, ки даври аввали он ба тақаллуби густардае олуда будааст.