Ҳалокати 3 сарбози амрикоӣ ва 45 толиб дар Афғонистон

Дар Афғонистон рӯзи гузашта се сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳайати фармондеҳии НАТО дар Афғонистон иттилоъ дод, ки ин сарбозон дар задухурдҳо дар ҷануб ва шарқи кишвар ҷон бохтаанд ва аммо аз ибрози тафсилоти бештар худдорӣ кард. Дар ҳамин ҳол вазорати дифоъи Афғонистон хабар дод, ки артиш ҳамроҳ бо нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар ҷануби кишвар амалиёте доир карданд ва бар асари он 25 тан аз толибон кушта шуданд. Дар минтақаи Ургуни вилояти Пактико, воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон бошад, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомӣ 20 тан аз ҷангҷӯён ба ҳалокат расиданд.