Амалиёти густардаи артиши Покистон алайҳи "Толибон"

Нерӯҳои ҳукуматии Покистон дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар шимоли кишвар, амалиёти густарда алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”-ро шурӯъ карданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар амалиёт беш аз 20 ҳазор афсару сарбози покистонӣ ширкат доранд. Ба иттилоъии хадамоти кашфи кишвар, дар ин минтақа тақрибан даҳ ҳазор толибон мустақаранд. Ва аммо коршиносон мегӯянд, ки ин бартарии артиш кафолати пирӯзӣ дар ин амалиёт нест. Аз нигоҳи онҳо, толибон роҳу пайраҳаҳои ин минтақаи кӯҳиро хубтар медонанд ва дар набардҳо дар ин гуна манотиқ назар ба низомиёни ҳукуматӣ таҷрибаи бештар доранд.
Қабл аз шурӯъи амалиёти низомӣ мақомот дар мавзеъи Ванаи Вазиристони ҷанубӣ қуюди шабгардӣ эълон карданд. Бар асари ҳамлаҳои толибон ба муассисаҳои ҳукуматӣ дар чанд рӯзи ахир беш аз 160 нафар ба ҳалокат расиданд.