Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Арабистони Саудӣ барои аввалин бор ба сокинони аз офатҳои табии зарардидаи водии Рашт кумакҳои худро иора кард.
Ин кумакҳо, ки иборат аз маводи ғизоӣ, ба афроди камбизоат ва аз офоти табиии соли равон зарардида расонида шудааст. Заробиддин Сироҷов, раиси ҷамъияти Ҳилоли Ахмар дар ноҳияи Рашт ба родиои Озодӣ гуфт, кумакҳои мазкур тавассути ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон ба осебдидагон тақсим карда шуд. Вай афзуд, масъулини ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон аз мавзеъҳои зарардида дидан намуда, дар ироаи кумакҳо мустақиман саҳм гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол хонум Гулбаҳор, як сокини Рашт, ки бар асари селхезии таърихи 22 -юми сентябр ба хонаводаи ӯ хисороти зиёд расидааст, гуфт, аз кумакҳои расонидаи ҷамъияти ҳилоли Аҳмари Арабистони Саудӣ баҳраманд шудааст. Вай гуфт, дар ҳоле ин кумакҳо ба осебдидагон расонида шуд, ки бисёре аз маводи ғизоии захира намудаи мардум, ҳамчунин чорво, оилаҳои занбур дар рустоҳои Шоҳиндара, Яшм ва Поҷе зери сел монда буд.
Ва дар ҳоле, ки ба сокинони осебдидаи водии Рашт кумакҳои ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар расонида шуд, субҳи имрӯз нишасти саёри кормандони ин ҷамъият ва чанд ҷамъияти байнулмилалии кумакрасони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ноҳияи Тавилдара оғоз ба кор кард.