Усули нави табобати муътодони маводи мухаддир

Дар маркази наркологии Хоруғ тарҳи ҷадиди табобати муътодони маводи мухаддар рӯи даст гирифта шудааст, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ дар байни нашъамандон ва танг сохтани бозори нашъҷаллобон арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи сардори марказ Мусо Мардонов, бо анҷоми навсозии марказ пас аз чанде дар ин ҷо табобати нашъамандон ба усули нав, ки истеъмоли доруи сахттаъсири метадонро ба ҷойи мухаддирот мавриди назар дорад, оғоз меёбад.

Сардори марказ ин усули табобатии ивазкунандаи мухаддиротро барои ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ дар байни нашъамандон муассир медонад. Тибқи иттилои расмӣ, зиёда аз 85 дарсади беморони масунияти бадан дар минтақа ашхосе ҳастанд, ки ба ин тариқ сироят шудаанд. Ба фикри сардори марказ, усули нав ҳамчунин ба коҳиши ҷинояткорӣ дар байни нашъамандон, ки барои хариди мухаддирот маҷбур мешаванд, ба дуздии амволи ғайр даст зананд, мусоидат хоҳад кард.

Мутахассисон бартарии усули навро боз дар он мебинанд, ки вобастагии ашхоси нашъамандро аз нашъаҷаллобон кам мекунад. Журналист Хушомади Алидод нашъаҷаллобонро гурӯҳи аз ҳама хатарноки «бозори сиёҳ» арзёбӣ намуда гуфт, ки ин гурӯҳ то ба ҳол рақиб надошт, аммо ҷорӣ гардидани усули нави табобат бозори нашъафурӯшонро танг мекунад ва тиҷорати ғайриқонуниашон рӯ ба касодӣ меорад.

Ба гуфтаи Хушомади Алидод, алҳол нархи як ғилофаки ҳероин, ки фақат ду-се бор истеъмол мешавад, то 60 сомонӣ боло рафта, нашъамандони ашаддӣ маҷбур ҳастанд, ки онро қариб ҳар рӯз аз нуқтаҳои пинҳонии фурӯши мухаддирот дастрас кунанд. Вай афзуд, ки аммо бештари нашъамандон барои ин на ҳамеша пул меёбанд ва аз хизмати ройгони марказ истифода хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Фурқат, як ҷавони нашъаманди сокини шаҳри Хоруғ , боло рафтани нархи бесобиқаи ҳероин нашъамандонро ҳарчи бештар ба дуздӣ ва талбандагӣ водор месозад. Вай гуфт, ки агар имкон медошт, аз истеъмоли мухаддирот даст мекашид, аммо одат ва эҳсоси шадиди дард ҳар рӯз ӯро ғайриихтиёр боз ба дари нашъаҷаллоб мекашонад. Фурқат изҳор дошт, ки аммо имкони ба таври ройгон дарёфт намудани доруи мухаддаротро ивазкунанда , нашъамандонро аз чанги нашъҷаллобон, ки алҳол аз вазъи ночори муътодон сӯйистифода мекунанд халосӣ мебахшад.

Сардори марказ гуфт, ки дар марҳалаи аввал онҳо имконият пайдо мекунанд, ки 50 нафар нашъамандони ашаддиро бо усули нави табобати ройгон фаро гиранд.

Ба иттилои расмӣ, дар вилоят шумори муътодони мухаддирот ба 800 мерасад, ки бештари онҳо дар Хоруғ ба сар мебаранд. Аз оғози соли равон то ба ҳол 14 нафар муътод бар асари бемориҳои ангезандаи гунонгун фавтиданд.

Ба гуфтаи сардори марказ лоиҳаи табобати муътодон, бо доруи ивазкунандаи метадон бо ибтикори Барномаи зидди ҷинояткорӣ ва мухаддироти Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии Вазорати тандурустии кишвар ба тариқи таҷрибавӣ дар Хоруғ, Хатлон ва Душанбе амалӣ мегардад.