Маркази исмоилиён ифтитоҳ шуд

Имрӯз Шоҳзода Оғохони IV, пешвои мазҳаби исмоилия ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази нахустини исмоилиён дар шаҳри Душанберо боз карданд. Ин шашумин маркази мӯҳташами пайравони мазҳаби исмоилия дар тамоми ҷаҳон будааст. То ин замон исмоилиҳо дар Лондон, Ванкувер Лиссабон, Торонто ва Дубай чунин марказҳои худро бунёд кардаанд. Шоҳзода Оғохони чор ҳангоми суханронияш дар ин маросим гуфт, марказе, ки онҳо бунёд кардаанд, танҳо маркази мазҳабии пайравони исмоилия нахоҳад буд. Балки ба гуфтаи ӯ, ин марказ бештар хусусияти фарҳангӣ хоҳад дошт ва ҳама метавонанд аз он истифода кунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ифтитоҳи марказ истиқбол кард ва гуфт, Тоҷикистон имсол соли бузургдошти Имом Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафиро таҷлил кард ва ин ба маънои он набуд, ки бояд ба дигар динҳо арҷ гузошта нашавад. Дар Тоҷикистон бештар аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби шиаи исмоилӣ ба сар мебаранд, ки қисмати аслии онҳо дар вилояти Бадахшон ба сар мебаранд.