Олимони фронсавӣ ва тоҷик дар расадхонаи Шурбулоқ, воқеъ дар Помири Шарқӣ, ба таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ мепардозанд.
Сардори пажӯҳишгоҳи биологии Помир академик Оғоназар Ақназаров гуфт, ки ба мақсади фаъолсозии расадхонаи нодири Шурбулоқ байни Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи ҷумҳурӣ ва маркази тадқиқотии астрофизики Фаронса шартнома ба имзо расидааст. Ба гуфтаи академик, расадхонаи Шурбулоқ бо вижагиҳои худ, ба мисли ҷойгиршавӣ дар баланкӯҳ, шаффофияти қабати атмосфера, кам будани рӯзҳои абрнок дар маҳалли расадхона, нодир ва арзишманд арзёбӣ мешавад.
Сардори пажӯҳишгоҳ гуфт, дар қаламрави собиқ шӯравӣ дар мавриди таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ танҳо расадхонаи Пулковои Санкт-Петербург назири Шурбулоқ будааст, аммо олимоне, ки дар ҳар ду расадхона кор бурдаанд, натиҷаҳои илмии дар Шурбулоқ ҳосилшударо дақиқтар донистаанд.
Ба гуфтаи сардори Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, иқдоми фаъолсозии расадхонаи Шурбулоқ ба дунболи шуруи таҳқиқоти илмӣ дар чунин як пойгоҳи нодири асрофизикии омӯзиши нурҳои кайҳонӣ дар маҳалли Акархари ноҳияи Мурғоб гирифта шудааст. Академик гуфт, дар паи имзои созишномаи байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия гурӯҳи олимони Пажӯҳишгоҳи физикаи Академияи Улуми Русия бо сардории доктори улуми физикаву математика Александр Борисов ба Акархар омада, таҷҳизоти заруриро насб ва пойгоҳро барқарор сохтанд.
Пойгоҳи астрофизикии воқеъ дар Акархар барои омӯзиши нурҳои кайҳонӣ муҳим арзёби шуда, натоиҷи таҳқиқотии он қаблан дар физикаи ядроӣ мавриди истифода қарор доштааст. Ба гуфтаи академик, аммо алҳол беш аз пеш омӯзиш ва истифодаи энергияи офтоб аҳамият пайдо мекунад ва аз ин ҷиҳат пойгоҳи омӯзиши нурҳои кайҳонӣ мавриди таваҷҷӯҳи бештари олимон қарор мегирад. Ба гуфтаи академик, аз соли оянда дар ин пойгоҳ васеъ намудани самтҳои тадқиқотӣ бо ҷалби олимони кишварҳои мухталиф дар назар аст.
Пойгоҳи астрофизики Акархар ва расадхонаи Шурбулоқ дар солҳои 70-уми асри гузашта дар Помири Шарқӣ арзи вуҷуд карданд. Академика Келдиш дар он вақт дар ҷараёни боздид аз Бадахшон бо назардошти вижагиҳои баланкӯҳӣ ва шаффофияти атмосфера Помири Шарқиро ҷойи аз ҳама мувофиқ барои пойгоҳи мӯшакҳои кайҳонӣ - Байконури дуввум унвон кардааст.
Ба гуфтаи академик Оғоназар Ақназаров, қаблан дар расадхонаи Шурбулоқ ягон нафар аз мутахасисиони маҳаллӣ ва дар пойгоҳи астрофизики Акархар танҳо як нафар олими тоҷик ба корҳои таҳқиқотӣ ҷалб шудааст. Вай гуфт, ки аммо алҳол мутахассисони ватанӣ дар баробари ҳамтоёни хориҷиашон дар ин пойгоҳ ва расадхонаи нодир ба корҳои таҳқиқотӣ ҷалб мешаванд.