Бист хонаводаи ноҳияи Ишкошим барои кӯч бастан ба Данғара омодагӣ мебинанд.
Алҳол намояндагони ин оилаҳо дар макони ояндаи зист ба хонасозӣ ва куфтани мехҳои охирин ва насб кардани дару тиреза машғул ҳастанд. Ба гуфтаи хабарнигори рӯзномаи «Зиндагӣ»- и ноҳияи Ишкошим Меҳроваршо Фарайдуншоев, ки гурӯҳро ҳамроҳӣ дорад, муҳоҷирон аз пазироии хуби мақомот, ки барояшон дар ҷамоати деҳоти «Лолазор» ҷой ҷудо кардааст, изҳори қаноатманди мекунанд.
Қаблан дар ноҳияи Данғара 130 хонаводаи муҳоҷир аз ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз муқимӣ шуданд. Ба фикри коршиносон, Данғара бинобар дар масири Душанбе-Хоруғ мавқеият доштан ва ватани президент будан мавриди таваҷҷӯҳи афзояндаи муҳоҷирони бадахшонӣ қарор гирифтааст, зеро муҳоҷирин дар ин ҷо барои бароварда сохтани ниёзҳояшон интизороти бештар доранд.
Ба гуфтаи раиси ҷамоати деҳоти Сағирдашт Исмоил Мирзоев, хонаводаҳои зиёди маҳаллӣ қаблан дар мавзеи Чолтови ноҳия низ зист доштанд, аммо раванди муҳоҷирати ихтиёрӣ ба Данғара ҷиҳати мавҷудияти шароити созгортар дар ин ҷо идома дорад. Раиси ҷамоати деҳот яке аз ҳадафҳои муҳоҷиркуниро сафарбаркунӣ барои обод намудани заминҳои бекорхобида унвон карда гуфт, ки аммо дар шароити афзоиши бемайлони шумораи аҳоли муҳоҷиркунӣ ба манотиқи мухталифи кишвар дар оянда низ яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ боқӣ мемонад.
Дар ҳоле, ки ин муҳоҷирин мегӯянд, ки Данғара онҳоро чун «замини муқаддас» дар оғӯши гарм гирифтааст, аммо бештари муҳоҷирини қаблан ба вилояти Хатлон интиқол ёфта изҳор медоранд, ки онҳоро дар макони нав сарнавишти талх интизор будааст. Сокини ноҳияи Роштқалъа Хушомади Алидод изҳор кард, ки аз 28 хонаводаи аз сел харобшудаи деҳаи Дашти ноҳия, ки ба маҳалли Бешкент муҳоҷир шуданд, бештарашон ба зодгоҳашон баргаштаанд ва ё ба берун аз қаламрави ҷумҳурӣ муҳоҷират кардаанд.
Ба гуфтаи масъули шӯъбаи муҳоҷирати идораи шуғли аҳолии вилоят Пулод Лутфишоев, муҳоҷирини деҳаи Дашт сабабҳои бозгашташонро ба деҳаи вайроншуда аз сел гирифтор гардидан бемориҳои мухталиф, аз ҷумла бемориҳои равонӣ, пайванд медиҳанд.
Муҳоҷирон мегӯянд, ки ба таври оҷил ва бе сифат сохтани манзилҳои истиқоматӣ барояшон дар ҷойи нав аз ҷониби идораҳо ва вазоратҳо боис шудаст, ки пас аз чанде бод боми бархе аз манзилҳоро канда , бар асари борон хонаҳо нам гирифтаанд.
Ба фикри коршиносон, дар марҳалаи аввали муҳоҷират мақомот аз вазъи ночори оилаҳои бе сарпаноҳ монда аз офати табиӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ба танг омада сӯйистифода кардааст ва аз ин рӯ он пайомадҳои ногувор дар пайдоштааст. Аммо пас аз ин муҳоҷирати ихтиёрии дохилӣ бо ин тарз 50 хонавода аз манотиқи мухталифи Бадахшон дар ноҳияи Хуросон маскан гирифтанд.
Ба иттилоъи идораи шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ тайи солҳои охир наздик ба 400 хонавода муҳоҷирати дохилиро ихтиёр кардааст. Сардори идораи шуғли аҳолии вилоят Мамаднасим Гаваров баён кард, ки ҳамчунин қарор аст, соли оянда 10 хонавода аз Мурғоб ба ноҳияи Ҷирғатол кӯч дода шаванд. Вай гуфт, ки иқлими сарди Мурғоб ва мусоид будани ноҳияи ҳамсоя барои корҳои кишоварзӣ ба чунин тасмими сокинон сабаб шудааст.
Аммо бинобар иттилои манбаъҳо, дар байни онҳое, ки муҳоҷир шудан мехоҳанд, хоҳишмандони муқимӣ шудан дар Данғара зиёдтар ҳастанд.
Қаблан дар ноҳияи Данғара 130 хонаводаи муҳоҷир аз ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз муқимӣ шуданд. Ба фикри коршиносон, Данғара бинобар дар масири Душанбе-Хоруғ мавқеият доштан ва ватани президент будан мавриди таваҷҷӯҳи афзояндаи муҳоҷирони бадахшонӣ қарор гирифтааст, зеро муҳоҷирин дар ин ҷо барои бароварда сохтани ниёзҳояшон интизороти бештар доранд.
Данғара бинобар дар масири Душанбе-Хоруғ мавқеият доштан ва ватани президент будан мавриди таваҷҷӯҳи афзояндаи муҳоҷирони бадахшонӣ қарор гирифтааст ...