Имрӯз дар Олмон интихоботи умумимиллӣ баргузор гашт. Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки сарвазир Ангела Меркел барои даври дувум пирӯзӣ ба даст хоҳад овард. Вале рӯшан нест, ҳизби демократҳои насронии ӯ барои ҳифзи эътилофи феълияшон бо сотсиал-демократҳо раъйи кофӣ хоҳад гирифт ё на. Овоздиҳӣ бо назардошти таҳдиди ахири Ал Қоида, ки гуфтааст, барои ҳузури ҳарбии Олмон дар Афғонистон интиқом хоҳад гирифт, зери чораҳои сахти амниятӣ ҷараён гирифтааст.