Иҷлоси НАТО
Қасри порлумони Руминия дар Бухарест - макони баргузории иҷлоси НАТО
Таваҷҷӯҳи журналистон дар ҳафтаи гузашта ба ҳамин қаср кашида шуда буд.
Хорватия, ки сарвазираш дар ин акс ҳамроҳи ҳамтоёни аврупоияш аст, ба НАТО даъватнома гирифт.
Албания низ ҳамакнун "дар НАТОст", тавре аз овезаҳои кӯчаҳои Тирана бармеояд.
Вале бо вуҷуди талошҳои Буш, Гурҷистонро ба НАТО даъват накарданд.
Укроин низ даъватнома нагирифт
Сарвазири маскавгарои Укроин Виктор Янукович хушҳол аст, ки кишвараш ҳанӯз узви НАТО нест
Ҷонибдорони Янукович НАТО-ро созмони "фошистӣ" меноманд.
Ҳаракати ҷавононаи "Пора" аммо, тарфдори пайваст ба НАТО мебошад.
Ду кишвари шӯравиро барои "наранҷидан"-и Маскав ба НАТО даъват накарданд.
Амрико назари Путинро ба эътибор нагирифта наметавонист, махсусан қабл аз сафари Буш ба Сочӣ
НАТО-ро дар Русия дӯст намедоранд
Ва пинҳон ҳам намекунанд, ки онҳо НАТО-ро дӯст намедоранд.
Дар Македония низ НАТО мухолифон доштааст.
Аммо мавзӯъи қабули аъзои нав танҳомасъалаи нишасти НАТО набуд. Дар Бухарест Афғонистон низ матраҳ буд.