Худкушии сарбоз дар Ванҷ ё ҳодисаи ногаҳонӣ?

Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, як сарбози қисми ҳарбии 2711 дар ноҳияи Ванҷ бо истифода аз аслиҳаи оташзо худкушӣ кардааст. Ин сарбоз бо номи Рӯзимурод Хуррамов моҳи маи соли ҷорӣ ба хидмати аскарӣ даъват шуда будааст. Вай ҳангоми иҷрои вазифа дар посгоҳ дар наздикии деҳи Хумроғ ба сари худ тир холӣ кардааст. Хуррамов дар роҳ ҳангоми интиқол ба бемористон ҷон додааст. Ин қазия таҳқиқ мешавад, то рӯшан кунанд, ки сарбоз худкушӣ кардааст ё ҳодиса ногаҳон рух додааст.