Дар як нишасти мизи гирд дар дафтари бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон масъулини ин ҳизб, мақомоти масъул ва духтарону модарони бо ҳиҷоб мушкили бо рӯсарӣ ба мактаб рафтани духтаронро баҳс карданд.
Мавзуи бо ҳиҷоб ба мактабу донишгоҳҳо рафтани духтарон дар 5–6 соли ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон ба як мавзуи доғ ва ҳассос табдил ёфтааст. Мақомоти масъул одатан ба ширкат дар муҳокимаи чунин мушкили баҳсбарангез ва баёни назарҳои худ чандон майл нишон намедоданд.
Аммо ин навбат бори аввал мудири идораи маорифи Суғд ва чанд мақоми расмӣ аз ҳукумати вилояти Суғд дар баҳси мизи гирд дар дафтари ҳизби наҳзат ҳозир шуда, назару ақидаҳои худро дар ин бора рӯшан баён доштанд. Ва ин баҳси ҳиҷоб дар Хуҷанд як натиҷаи мушаххас дод. Мақомот равшан ва бо сароҳат гуфтанд, ки духтарони мактабхон аз рӯи хости худ метавонанд ба мактаб бо рӯсарӣ ҳозир гарданд, касе онҳоро аз ин манъ намекунад, вале на бо ҳиҷоб.
Саидмухтор Ҷалолов, мудири идораи маорифи вилояти Суғд, гуфт, дастурамали либосҳои ягонаи мактабӣ миёни ин ду либос фарқ мегузорад ва ҳиҷоб аз қатори либоси ягона берун аст. Вай афзуд, «духтарон мехоҳанд бо либоси миллии тоҷикӣ, поҷома ва рӯсарӣ ба мактаб оянд. Марҳамат, касе онҳоро манъ накардааст. Вале биёед, сатр ё ҳиҷобро ҳам бо номи худаш гӯем».
Оқои Ҷалолов ин суханонро баъди он ки арзи чанд духтари мактабхони ҳиҷоб бар сар ва моарони онҳоро гӯш кард, баён дошт. Яке аз чунин талабаҳо Муҳайё Саидолимова – толибаи синфи 4–и мактаби таҳсилоти умумии рақами 6–и шаҳри Хуҷанд гуфт, раҳбарияти мактабаш барои ҳиҷоб доштанаш ӯро ба мактаб роҳ надодаанд.
Ба мисли Муҳайё боз чандин нафар духтарон, Нилуфар Зоидова, Муҳайё, Зулҳаё ва Мастура Ғаффороваҳо толибаҳои мактаби рақами 61–и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба рӯзҳои аввали соли таҳсил ба чунин мушкил дучор шудаанд ва бо модар ё падари худ ба суҳбати мизи гирд ҳозир буданд, ҳамин тавр аз мушкилоти худ суҳбат карданд.
Наимҷон Самеъзод, раҳбари бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин маврид гуфт, «аз оғози соли нави таҳсил ба мо 10 талаба аз Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат намуданд, ки онҳоро маъмурияти мактабҳо ба дарс роҳ надода истодаанд. Ҳатто гуфтаанд, ки ё сатратро афканда, сари луч ба мактаб меоӣ ё ба мактаб роҳ намедиҳем, меравӣ. Ин кори нодуруст ва таҳмилӣ аст, мо мехоҳем он духтарон бо сатри аврат бошад ҳам, бигзор хонанд».
Ба назари масъулини бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо ҳиҷоб ба дарсхона раҳ надодани духтарон аз ҷониби маъмурияти мактабҳо ҳуқуқи фитрии инсонӣ ва динии талабҳои боҳиҷобро, ки сарқонуни Тоҷикистон кафолат додааст, поймол мекунад. Онҳо мегӯянд, дастуруламали либоси ягонаи мактабӣ, ки вазорати маориф тасвиб кардааст, ба ҳайси як зерсанади ҳуқуқӣ мухолиф ба ин нуктаҳои Сарқонун мебошад.
Дастурамали вазорати маориф дар моҳи июли соли 2007 қабул шудааст. Вале ба ақидаи масъулини идораи маолрифи Суғд, дастурамали мазкур ҷавобгӯи хостаҳои милливу фарҳангии халқи тоҷик мебошад ва дар он дарп қатори либосҳои мактабӣ либоси миллии тоҷикӣ бо рӯсарӣ ва поҷома ҳам пешниҳод шудааст.
Дилбар Турсунова, мудири идораи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, муаллимон иҷрои талаботи ин дастурамалро ҳатмӣ меҳисобанд. Вай афзуд, «мактаб, ки ҳаст, ба қоидаи он риоя кардан даркор. Оинномаи мактаб ҳаст, дар он гуфта шудааст, ки талабагон бо либоси ягонаи мактабӣ оянд. Онро риоят кардан ҳатмист».
Вале оё он духтароне, ки ба сабаби ҳиҷоб гирифтан раҳбарони мактаб онҳоро ба дарсхона роҳ надодаанд, акнун метавонанд озодона дар қатори дигар ҳамсинфонашон дарс хонанд ё хайр?
Дар баҳси мизи гирд ин саволи асосӣ аз ҷониби мақомот боз ҳам беҷавоб монд. Мудири маорифи Суғд гуфт, дар мавриди он ки духтарони боҷиҳоб дар мактаб аз ҷониби муаллимони худ дигар мавриди таҳқиру тамасхур қарор нагиранд, ба зудтарин фурсат чора хоҳад ҷуст. Вале иҷозаи бо ҳиҷоб ба мактаб роҳ додани онҳоро ваъда накард.
Нуктаи баҳсбарангез боз ҳам ин аст, ки ҳиҷоб дар миёни 30 намуд либосҳои ягонаи мактабӣ дохил карда нашудааст. Қисмати умдаи донишмандони дин дар Тоҷикистон байни ҳиҷоб ва рӯсарӣ фарқ мегузоранд ва бар онанд, ки сарбанди оддӣ ҷои ҳиҷоби исломиро гирифта, ҷойҳои номаҳрами духтарону занонро пинҳон карда наметавонад.
Вале масъулини бахши маориф ва идеологии ҳукумати Суғд гуфтанд, ки онҳо бояд аз рӯи дастуруламали вазорати маориф, ки барои онҳо ба ҳайси як қонун аст, кор бигиранд ва хилофи он рафтор карда наметавонанд. Волидайни духтарони боҳиҷоб ва худи онҳо аз масъулини идораи маориф хостанд ба вазорати худ ислоҳи дастурамали мазкур ва иҷозаи мактабхонии духтарон бо ҳиҷоби исломиро пешниҳод намоянд.
Наимҷон Самеъзод, раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, раёсати онҳо низ бо чунин тақозо ба вазорати маориф муроҷиат хоҳад кард. Агар мушкил ҳал нагардад, ба додгоҳи конститусионии кишвар арз мебаранд.
Аммо ин навбат бори аввал мудири идораи маорифи Суғд ва чанд мақоми расмӣ аз ҳукумати вилояти Суғд дар баҳси мизи гирд дар дафтари ҳизби наҳзат ҳозир шуда, назару ақидаҳои худро дар ин бора рӯшан баён доштанд. Ва ин баҳси ҳиҷоб дар Хуҷанд як натиҷаи мушаххас дод. Мақомот равшан ва бо сароҳат гуфтанд, ки духтарони мактабхон аз рӯи хости худ метавонанд ба мактаб бо рӯсарӣ ҳозир гарданд, касе онҳоро аз ин манъ намекунад, вале на бо ҳиҷоб.
Мақомот равшан ва бо сароҳат гуфтанд, ки духтарони мактабхон аз рӯи хости худ метавонанд ба мактаб бо рӯсарӣ ҳозир гарданд, касе онҳоро аз ин манъ намекунад, вале на бо ҳиҷоб ...