Як чархболи марзбонони қазоқ бо 13 кас суқут кард

Бино ба гузориши матбуоти маҳаллӣ, як чархболи нируҳои марзбонии Қазоқистон бо 13 сарнишин дар ҷануби ин кишвар суқут кардааст. Гузоришҳо ҳокист, ки ин чархбол дар водие дар минтақаи ҷанубӣ бо номи Қазоқюрт ба замин сарозер шудааст. Дар бораи талафот ва сабабҳои ин ҳодиса тавзеҳот дода намешавад.