НАТО сабабҳои таркиши ду мошини ҳомили маводи сӯхт дар волусволии Чордараи вилояти Қундузи Афғонистонро ҷиддан тафтиш хоҳад кард. Дар ин ҳодиса, тибқи бархе хабарҳо, тақрибан 90 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел изҳор намуд, ки дар ин ҳодиса ҳам ҷангҷӯён ва ҳам мардуми осоишта кушта шудаанд. Субҳи имрӯз ҳавопаймоҳои НАТО дар Афғонистон мошинҳоро баъди он ҳадаф қарор доданд, ки ба онҳо дар бораи рабуда шудани маводи сӯхт аз сӯи толибон хабар расид. Ба иттилоъи ВВС, толибон ҳангоми ҳамла ба мошинҳо ҳарду ронандаро сар буриданд. Айни ҳол ҳуввияти ронандаҳо маълум нест ва бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки маводи сӯхт барои нерӯҳои байнулмилалӣ аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол ёфтааст.