Гурӯҳи тоҷирони бозори Хоруғ мегӯянд, ки шаби гузашта нуқтаҳои тиҷоратиашон аз ҷониби кормандони милиса тахриб шудаанд.
Ба гуфтаи Суҳроб Борониев, яке аз ҷабрдидагон, ки субҳи барвақт ба ҷои кор ҳозир шудааст, ҳудуди 10 нуқтаро шикаставу пора дарёфтанд. Суҳроб афзуд, ки фурӯшандаҳо маҷбур шуданд аз нав нуқтаҳои савдоро барқарор кунанд.
Соҳибкор Фариза Ғуломшоева изҳор дошт, ки қарор буд бегоҳии дирӯз дар мавриди мушкилоти кӯч додани фурӯшандагон аз бозори Хоруғ ба бозори нав, ки чанде қабл дар гӯшаи шаҳр мавриди истифода қарор гирифт, байни намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ ва тоҷирон бояд мулоқот доир мешуд. Вай баён дошт, ки аммо ин мулоқот баргузор нашуда, мақомот баръакс шеваи истифода аз зӯровариро мавриди амал қарор додаст.
Ба гуфтаи Фариза, бештари онҳое, ки побанди бозори кӯҳна мондаанд, танҳо ба хотири қимат будани нархи пардохти иҷора дар бозори нав ва нигаронӣ аз хатари муфлисшавӣ ба он ҷо рафтан намехоҳанд. Вай афзуд, ки бештари тоҷирон бо қарзи бонкӣ кор карда, ҳатто манозили истиқоматиашро ба гарав гузоштаанд .
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Алим Шерзамонов, раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал- демократ, гурӯҳи тоҷирони зарардида зимни муроҷиат ба ҳизбашон хостори кумак дар дифоъ аз ҳуқуқҳояшон шудаанд.
Аммо бархе аз шаҳрвандон ба хотири низом дар бозор ва зарурати таъмини меъёрҳои санитарии иқдоми кӯч додани бозоршинонро амали дуруст мешуморанд. Ба гуфтаи онҳо, нуқтаҳои фурӯши зиёди иборат аз оҳану тахта, ки тайи солҳои охир дар атрофи бозор арзи вуҷуд карданд, бояд бардошта шаванд.
Ба гуфтаи муовини аввали сардори раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Рамазон Рамазонов, аз ҷониби кормандони дохила ҳодисаи тахриби нуқтаҳо фурӯш анҷом нашуда, милисаҳо фақат бардоштани се нуқтаро бинобар ба меъёри санитарӣ ҷавобгӯ набудан талаб кардаанд.
Вай афзуд, ки дар асоси қарори шаҳрдорӣ тоҷирон бояд аз бозор кӯчонида шаванд. Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯяд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни Рӯзи ваҳдат, ки соли оянда дар Бадахшон таҷлил мегардад, корҳои сохтмонии навсозии бозори кӯҳна оғоз мешавад ва ба ин манзур тоҷироне, ки дар гирду атрофии бино ба савдо машғуланд, бояд ин ҷоро тарк намоянд.