Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки бар асари як ҳамлаи маргталабона дар канори масҷид дар шаҳри Мӯҳтарам, маркази вилояти Лағмон, муовини раиси хадамоти кашфи кишвар Абдулло Лағмонӣ ба ҳалокат расид. Ба иттилоъи сухангӯи волӣ, дар ин ҳодиса дар маҷмӯъ 23 нафар, аз ҷумла, раиси дафтари волӣ ва чанд мансабдори воломақоми дигари Лағмон низ кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши Толибон бар дӯш гирифт ва эълом дошт, ки ҳадаф аз он - аз байн бурдани Абдулло Лағмонӣ буд.