Кайҳони пур аз асрор қарнҳо боз мавриди таваҷҷӯҳи донишмандон ва қабл аз ҳама ситорашиносон қарор дорад. Онҳо талош мекунанд, ки ба суолҳои зиёде, аз ҷумла, дар мавриди мавҷуд будан ё набудани дигар тамаддунҳо иттилоъ пайдо кунанд.
Чаҳор садсола қабл ҳамин рӯзҳо мунаҷҷим ва мутафаккири бузург Галилео Галилей низ дар талоши пайдо кардани посух ба суолҳои зиёди худ нахустин дурбин ё телескопи худро дар маърази ом гузошт.
Бо вуҷуди ҳавои тафсон Сенати Венетсия рӯзи 25 августи соли 1609 барои дидани дурбини ғайримуқарраррие ҷамъ омад. Он дурбини бузурге буд, ки ҳама биноҳои дурро наздик нишон медод. Дурбинро мунаҷҷим ва файласуф аз шаҳри Пизо Галилео Галией ба хотири наззораи ситораҳо сохта буд.
Ва аммо Галилей нахустин касе набуд, ки телескоп сохтааст – як сол аз ин пеш, яъне соли 1608, ситорашиноси ҳолландӣ Ҳанс Липперҳей, ки имрӯз номи ӯ қариб аз ёдҳо рафтааст, барои нахустин бор дар Аврупо телескопи сохтаашро муаррифӣ карда буд. Ва аммо Галилей ин дурбинро такмил кард ва он ашёи атрофро ҳашт баробар бузургтар нишон медод. Ва аммо то ҳанӯз рушан нест, ки чаро Галилей ин офаридаи худро қабл аз ҳама ба сенаторҳои Венетсия нишон дод?
Шояд ба он хотир, ки мардуми ин шаҳр дар тиҷорат комёб буданд ва ин дурбинро як василаи боло бурдани саноати сохтани линза мехонданд. Ба вижа, ки Венетсия ҳамчун Флоренсия он солҳо ба маркази аслии тавлиди шиша барои линза табдил шуда буд. Албатта, Галилео то он замони мураккабтар шудани телескопҳояш ба мардуми маҳаллӣ дурбинҳои оддиро мефурӯхт.
Ҳамзамон бо ин дар ҷомеъа оташи баҳс миёни пайравони ду ақидаи мухталиф ҳарчӣ бештар аланга мезад – иддае Заминро маркази кайҳон мехонданд ва иддае аз назарияи Коперник пуштибонӣ мекарданд, ки мегуфт Замин фақат яке аз сайёраҳоест, ки дар гирди Офтоб чарх мезанад. Назарияи мунаҷҷими лаҳистонӣ Николос Коперник дар бораи дар атрофи Офтоб чарх задани Замин тақрибан 60 сол пеш аз он пайдо шуд, ки Галилей сенаторҳои Венетсияро бо телескопи худ мутаҳайир сохт. Ва Галилео, ки ба таҳлили мустақилона таваҷҷуҳ дошт, тавассути телескопи худ ва наззораи ситораҳо ҳарчӣ бештар ба дурустии назарияи Коперник мутмаъин мешуд.
Вале низоъи Галилео бо Калисои Рум як сол баъд аз муаррифии телескоп дар назди сенаторҳои Венетсия шуруъ шуд – бархе аз рӯҳониён бо исрори он ки Худованд Заминро чун маркази кайҳон ва манзили инсон офаридааст, ба мунаҷҷим ҳамла карданд. Соли 1616 Калисои католикии Рум расман Галилейро маҳкум кард ва ақоиди ӯро хилофи Китоби муқаддас эълон кард. Фақат баъд аз 16 соли дигар Галилей бо нашри китобе аз ақоиди худ дифоъ намуд ва дар рӯ ба рӯи инквизитсия қарор гирифт. Калисо ӯро дар бехудоӣ айбдор ва ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Галилейро ҳамчунин маҷбур сохтанд, ки аз ақоиди худ даст бардорад ва ӯ инро пазируфт.
Ин рафтори донишмандро шояд метавон тарсуӣ хонд ва аммо ӯ шояд то лаҳзаи охир дар он андеша буд, ки ситорашиноси зинда аз идеологи беҷон беҳтар аст.
Ватикан фақат баъд аз 359 сол ҳукми худро дар баробари Галилео Галилей тағйир дод ва соли 1992 Калисои католики Рум иқрор кард, ки Галилео ҳақ аст. Мунаҷҷими бузург соли 1642 дар Флоренсия оламро дар ҳоле падруд гуфт, ки ҳанӯз дар ҳабси хонагӣ қарор дошт.
Зимнан, гуфта мешавад, ки аввалин дурбин ё телескоп барои наззораи Офтоб ва дигар ҷисмҳои осмонӣ дар Самарқанд замони ҳукмронии Мирзо Улуғбек сохта шудааст. Ба навиштаи Заҳириддин Бобур, солҳои 1428-1429 дар теппаи Кӯҳаки Самарқанд бинои бузургтарин дар он айём расадхона бунёд гардид. Барои бунёди ин расадхона Улуғбек маъруфтарин донишмандони замона Аловиддин Алӣ ибни Муҳаммад, ки бо номи Алии Қушчӣ матруф буд, Салоҳиддин Мусо ибни Муҳаммад Қозизодаи Румӣ, Ғиёсудин ал-Қошӣ ва дигаронро ҷамъ овард, ки тарҳи таҷҳизоти назорати ситораҳоро таҳия карданд.
Мунаҷҷимони самарқандӣ таҳти раҳбарии Улуғбек феҳристи ситораҳоро омода карданд, ки бо номи Зиҷи Улуғбек ё Зиҷи Гургонӣ маъруф аст. Арзиши феҳрист аз нигоҳи донишмандон дар он аст, ки муаллифон дар бораи чӣ андоза аз Замин дур будани 1018 ситора иттилоъ додаанд. Бинои расадхонаи Улуғбек авоили қарни 20 аз сӯи бостоншиноси самарқандӣ Вяткин ошкор шуд. Ин бино 46 метр дарозӣ ва 30 метр баландӣ дошт ва дар он секстант ё дурбини бузурге ҷойгир буд, ки тавассути он мунаҷҷимон ба офтобу Моҳ ва дигар ситораҳои осмон наззора мекарданд.