Ин яке аз озмоишҳои азим дар таърихи инсоният ба шумор меравад.
Олимони аврупоӣ умедворанд, ки тавассути ин озмоиш асрори кайҳон ва пайдоиши онро кашф хоҳанд кард. Онҳо ин иддаъоро, ки озмоишашон сабаби ба охир расидани дунё мешавад, рад мекунанд.
Барои ин озмоишгоҳи азими физикӣ, ки дар англисӣ Large Hadron Collider (LHC) ном дорад, ҳазорон олим кӯмак кардаанд ва барои сохтани он 15 сол ва тақрибан 10 миллиард доллар сарф шудааст.
Баъзе аз олимон ҳадс мезаданд, ки ҳуфраҳои сиёҳ (чёрная дыра), ки ҳангоми таҷриба ҳосил мешаванд, метавонанд, тамоми ашёи атрофи худ ва дар ниҳоят курраи Заминро фурӯ баранд.