Нигаронӣ аз тақдири бабр

Олимони пажӯҳишгоҳи биологии Помир аз тақдири бабри сафед, ки қариб як моҳ боз дар боғи набототи ин ҷо нигаҳдорӣ мешавад, изҳори нигаронӣ мекунанд.
Академик Оғоназар Ақназаров, сардори пажӯҳишгоҳ изҳор дошт, ки пас аз ду моҳи дигари парвариш ин бабр нерӯ гирифта, ба даррандаи ваҳшӣ ва хатарнок табдил, ва нигаҳдориаш дар шароити мавҷуд ғайриимкон мегардад. Ба гуфтаи сардори пажӯҳишгоҳ, ба тақдири ин ҷонвари паси панҷараи оҳанин, ҳамчунин, раиси бунёди байнулмилалии «Pantera» Том Маккартни мароқ зоҳир намуда, дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон бо олимони пажӯҳишгоҳ ва масъулини ҳифзи муҳитзистии кишвар дар мавриди ҳифозати он гуфтугӯ анҷом додааст.

Сардори пажӯҳишгоҳ гуфт, бабри сафед моликияти кишвар буда, ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба чораҳои ҳифозат ва тақдири ояндаи он тасмим мегирад. Ба гуфтаи вай, аммо алҳол аз ҷониби мутахассисон фарзияҳои мухталиф дар мавриди ояндаи ин бабр пешниҳод шудаанд. Оғоназар Ақназаров баён дошт, ки яке аз роҳҳо ба муҳити зист баргардондани бабр аст, аммо бинобар аз рӯзҳои аввали зоиш маҳрум мондан аз модар ва ба дасти одамон афтодан ҳалокати ин ҳайвон дар муҳити табиӣ ногузир будааст. Аз тарафи дигар, афзуд академик, сар додани ин бабр, ки ба инсон одат кардааст, хатарнок мебошад, зеро бо дидани суроби одам ҳиссиёташ метавонад бедор шавад ва аз эҳтимол дур нест, ки ба умеди гирифтани луқма аз дасташ ба сӯяш медавад ва маълум нест, ки чунин дидор бо чӣ меанҷомад.

Ба гуфтаи Оғоназар Ақназаров, ҷиҳати набуди шароит барои нигаҳдорӣ ва ҳифозати ин ҳайвони нодир дар боғи ҳайвоноти маркази ҷумҳурӣ фарзияҳои дигар рӯи кор омадаанд. Вай зикр кард, имкон дорад, ки бабр чун молоикияти Тоҷикстон дар боғи ҳайвоноти кишварҳои аврупоӣ нигаҳдорӣ ва ҳифз ва ё дар сурати зарурат ба ин мамолик фурӯхта шавад. Тибқи иттилои олимони пажӯҳишгоҳ, алҳол мудирияти боғи ҳайвоноти Англия барои қабули чунин бабри сафеди нарина ба хотири ҳифозат ва афзоиши насли он омодагиашро изҳор доштааст.

Наврӯзбек Худоёрбекови ҷавон, ки барои парвои бабри сафед муваққатан вазифадор шудааст, мегӯяд, рӯзе ду бор 450 граммӣ гӯшт барои «меҳмонаш» медиҳад, аммо бабр торафт калон ва ҳаракатҳояш барои инсон хатарнок мешаванд.

Бачаи бабри сафеди асирафтодаро авохири моҳи майи соли равон як сайёҳи шведӣ тасодуфан дар дасти як чӯпони қирғиз дар ноҳияи Мурғоб дида,сипас бо кӯмаки роҳбари лоиҳаи муҳитзистии олмонӣ Михел Штефан он ба дасти олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир супурда шуд.